Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в городе
Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии ҶТ, омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир 77 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 33 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8379 нафар баробар гардид.

"То санаи  25 август дар мамлакат  7179  (85,6%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 67  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати беҳдошт аз мардум даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос,  ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Лентаи хабарҳо
0