Аввалин раиси Суди Олӣ даргузашт, касе ки истиқлолияти Тоҷикистонро расмият бахшид

© Акс аз бойгонии хонаводаи Шароф МаҳмудовАввалин раиси Суди Олӣ Шароф Маҳмудов даргузашт
Аввалин раиси Суди Олӣ Шароф Маҳмудов даргузашт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шароф Маҳмудов, аввалин раиси Суди Олии замони истиқлолият ва собиқ вазири адлияи Тоҷикистон дар синни 89 – солагӣ бо зиндагӣ падруд гуфт

 ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Камол Абдуллоев, муаррихи маъруфи тоҷик ва домоди Шароф Маҳмудов, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум тайи ду моҳи ахир дар бистари маризӣ қарор дошт ва сахт беҳол шуда буд.

“Як даҳ соли пеш барои саратон ҷарроҳӣ шуда буданд ва ҳамон дард вақтҳои ахир хуруҷ кард. Ин дафъа дард зӯри кард”, - гуфт Камол Абдуллоев.

© Акс аз бойгонии хонаводаи Шароф МаҳмудовАвалин раиси Суди Олӣ Шароф Маҳмудов
Аввалин раиси Суди Олӣ даргузашт, касе ки истиқлолияти Тоҷикистонро расмият бахшид - Sputnik Тоҷикистон
Авалин раиси Суди Олӣ Шароф Маҳмудов

Шароф Маҳмудов 23 феврали соли 1930 (расман - 1931) дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба дунё омада, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1955 мебошад.

Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди - Sputnik Тоҷикистон
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон даргузашт

Ба қавли Камол Абдуллоев, Шароф Маҳмудов аз пайвандони дури коргардони маъруфи синамои Ӯзбекистон – Комил Ёрматов ба ҳисоб мерафт, аммо ҳарду робитаи хеле наздик доштанд, аз ҷумла вақте Ёрматов ба Конибодом меомад, ҳамроҳ ба шикор мерафтанд.

"Маҳмудов зуд – зуд ба Тошканд рафта меомад. Бемуҳобо, яке аз дӯстдоштатарин инсонҳои зиндагии Ёрматов буд. Кор ба ин ҷо кашид, ки коргардони бузург ҷияни худ - Зебо Муҳаммадҷоноваро бо ӯ хонадор кард. Падари ҳамсари Маҳмудов – Абдулхайр Муҳаммадҷонов, қаҳрамони Ҷанги бузурги ватанӣ, дар ҷанг фавтида буд ва духтараш дар хонаи Ёрматов бузург мешуд”, - гуфт Камол Абдуллоев.

Шароф Маҳмудов фаъолияти худро аз судяи одии собиқ ноҳияи Хуҷанди собиқ вилояти Ленинобод шурӯъ намуда, баъдтар муовини раиси суди шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон), узви Суди Олӣ (1962 – 1971), муовини вазир (1971 – 1978) ва вазири адлияи Тоҷикистон (1972 – 1990) буд.

Ӯ охирин раиси Суди Олии Тоҷикистони Шӯравӣ ва аввалин раиси Суди Олии Тоҷикистони мустақил (1990 - 1994) буд, ки зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошт ва онро расмӣ кард.

Ҷанозаи Шароф Маҳмудов дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе зуҳри имрӯз, 25 август, ба хок супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0