ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз бедарак шудани зани 71 - сола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад. Номбурда сокини деҳаи Боғеви ин вилоят мебошад, ки рӯзи 22 - юми август аз хона баромада бедарак шудаст.
Манбаъ аз қавли пайвандонаш мегӯяд, зан бемори рӯҳӣ буда, ба эҳтимоли зиёд худро ғарқи дарёи Ғунд намуд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ мегӯяд ҷустуҷӯи ҷасади зани 71 - сола дар ду рӯзи ахир натиҷа надодааст ва ҳоло ҳам наҷотбахшон барои пайдо намудани ҷасади ӯ, корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд
Зимнан, котиботи кумитаи мазкур хабар медиҳад, ки шоми рӯзи 23 - юми август аз соҳили дарёи Зарафшон ҷасади зани 26 - соларо пайдо шуд, ки марҳум ҳанӯз аз 18 - уми ин моҳ бедарак буд.
Иллати марги ӯ то ҳол номаълум аст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани сабаби марги зани 26 - сола, тафтишот мебаранд.