ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Росавиатсия ва Роспотребнадзор имкони кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ бо кишварҳои навро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, ҳаракати ҳаво метавонад ба кишварҳои Фаронса, Маҷористон, Малта, Кипр, Иордания, Миср (Қоҳира) ва Чин (Шанхай) барқарор карда шавад.
Қарор имкон дорад фардо зимни як нишаст, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи роҳбари ситоди фаврӣ қабул шавад .
Ҳамзамон, ВАО хабар доданд, ки яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия пешниҳод кардааст, ки парвозҳо ба Фаронса, Маҷористон ва Малта танҳо барои мусофирон бо иҷозатномаи иқомат, иҷозати кор ва инчунин барои боздид аз муассисаҳои тиббӣ ташкил карда шаванд.
Ин истисно танҳо барои парвозҳои содиротӣ, инчунин борҳо, почта, ёрии таъҷилӣ ва баъзе парвозҳои дигар эътибор дорад.
Мавриди зикр аст, ки аз аввали август, Русия парвозҳоро бо Туркия, Бритониёи Кабир ва Танзания дубора барқарор кард.
Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад
Инчунин, аз 1 август Русия ва Абхозистон маҳдудиятҳоро дар убури марзҳо лағв карданд ва аз 15 август ҳаракати ҳавоӣ байни Швейтсария ва Русия аз нав барқарор карда шуд. Ҳамзамон вуруд ба Қирғизистон ва Черногория барои русҳо боз аст.
Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус Русия аз 27 март парвозҳои мунтазам ва чартерӣ ба хориҷа боздошта шудааст.