Ду халабони тоҷикистонӣ дар Судон бар асари сукути ҳавопаймо кушта шуданд

© AFP 2023 / Arunchandra BoseНа месте крушения пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express в индийском городе Кежикоде, штат Керала, Индия
На месте крушения пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express в индийском городе Кежикоде, штат Керала, Индия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари суқути як фарванди ҳавопаймо дар Судони ҷанубӣ ду халабони тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Судони Ҷанубӣ ду халабони тоҷикистонии табааи Русия Парвиз Қодиров ва Мирсултон Мираҳмадов кушта шуданд, хабар медииҳад Парс тудей.

Lufthansa: далели сукути ҳавопаймои А320 тасодуфи нохуш буд

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои Антонов-26, ки ба Southwest Airlines тааллуқ дошт, пас аз чанд дақиқа аз фурудгоҳи Ҷуба дар пойтахти Судони Ҷанубӣ суқут кардааст.

Дар ин ҳодиса 17 сарнишини ин парвоз ва ду халабони тоҷик ҷони худро аз даст доданд.

Сукути ҳавопаймои мусофирбар дар Ҳиндустон: аксҳо аз ҷойи ҳодиса

Гуфта мешавад, дар ҳавопаймо якчанд мотосикл, қисмҳои эҳтиётӣ, хӯрокворӣ ва каме пул барои яке аз корхонаҳои саноатии Бао будааст.

Имдодгарон аҷсоди қурбониёни ин ҳодисаро аз дохили ҳавопаймо берун овардаанд.

Гуфта мешавад, ки ба далели кӯҳистонӣ ва ботлоқӣ будани минтақаи суқути ин ҳавопаймо, интиқоли таҷҳизоти гурӯҳҳои имдод ва наҷот бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0