Баромади танкчиёни тоҷик дар биатлони Алабино: пахши мустақим

© RuptlyСоревнования по танковому биатлону "Армия-2020" © Ruptly
Соревнования по танковому биатлону Армия-2020 © Ruptly - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахши дуввуми "Танк биатлон - 2020" дар майдони таълимии Алабино дар наздикии Маскав оғоз ёфт ва танкчиёни тоҷик низ дар ин чорабинӣ иштирок мекунанд

Бар тибқи қуръакашӣ ҳарифони танкчиёни тоҷик ҳарбиён аз Абхазистон, Ветнам, Қатар, Конго, Лаос, Мянма ва Осетияи Ҷанубӣ мебошанд.

“АРМИ-2015”: танкчиёни тоҷик дар биатлон дар мақоми севвум ҳастанд

Тоҷикистон, тибқи қуръакашӣ, соли дувум аст, ки дар танкҳои зард рақобат мекунад. Дар маҷмӯъ, дастаҳои хизматчиёни ҳарбии ботаҷриба аз шонздаҳ кишвар дар Танк Биатлон - 2020 ширкат мекунанд.

Озмуни танк биатлон як рӯз пеш, рӯзи якшанбе дар майдони таълимии Алабино оғоз ёфт. Дар мусобиқаҳои аввал дастаҳо аз Беларус, Сербия, Озарбойҷон ва Чин ширкат варзиданд.

Танкдорони Хитой пешсафи мусобиқа шуданд: онҳо дар зарфи 19 дақиқаю 20 сония роҳро тай карданд.

Беларус ҷои дуюмро (21:57), сипас Озарбойҷон (22:31), ҷои охиринро низомиён аз Сербия (29:59) ишғол карданд.

Лентаи хабарҳо
0