ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Аз 25 то 29 августи соли равон бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ мегардад.
Раисҷумҳур ва раиси шаҳр чанд иншооти навро ифтитоҳ карданд
Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба тасвиб расонд.
Гуфта мешавад, навсозии роҳи мазкур дар доираи лоиҳаи иншооти "Сохтмони селпарто аз маҳаллаи Нодира то дарёи Варзоб" амалӣ мегардад.
"Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, МДК "Душанбенақлиётхадамотрасон", шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВУД ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар пойтахт вазифадор гардидаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд", - таъкид мегардад дар хабар.
Раиси шаҳр ҳамчунин РВУД дар шаҳри Душанберо барои андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат муваззаф гардонидааст.
Гузашта аз ин ба Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе" супориш дода шудааст, ки барои танзими алоқаи мунтазами нақлиёт дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда тадбирҳои зарурӣ андешад.