ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Маркази робитаҳои Кумитаи амнияти кишвар Баротзода Сайфиддин Барот, подполковники Агентии назорати маводи нашъаовар 19-уми август боздошт шуд.
Ба иттилои манбаъ, Баротзода Сайфиддин Барот, сардори зершуъбаи Раёсати оперативӣ-ҷустуҷўии Агентии назорати маводи нашъаовари ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зада, бо ин восита маблағи махсусан калонро тасарруф кардааст, дастгир гардид.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Баротзода Сайфиддин Барот бо моддаи 247, қ.4, банди “Б”-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Боздошти подполковники Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳолест, Кумитаи амнияти кишвар чанд рӯз пеш як полковник Ҷонибек Маҳмадзода, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро боздошт карда буд.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуд.
Боздошти ду полковники мансабдори КДАМ аз сӯи Агентии зидди коррупсия
Аммо дар пайи ин Оҷонсии зидди фасод аз боздошти ду афсари мансабдори Нерӯҳои марзбонии КДАМ, полковник Азизов Ҷиёнхон Зайдуллоевич ва муовини командири қисми ҳарбии ин ниҳод дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон полковник Усмонзода Мирзодавлат Абдуғафор барои гирифтани пора боздошт шуданд.