ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Акрами Ризом, муаллифи маҷмуаҳои шеърии "Афсонаи хаёл", "Гулшани хаёл", "Ғазали ишқ", "Ашки санг", "Маҳтоби Сари Хосор" имрӯз дар синни 69-солагӣ даргузашт, хабар дод сомонаи ҳукумати ноҳияи Вахш.
Рӯзноманигор Орзуи Карим аз қавли наздикону пайвандони шоир хабар додааст, ки марҳум аз бемории қалб ранҷ мекашид.
Манбаъ афзуд, шоир Ризомро, ки унвони аълочии маорифи Тоҷикистонро дошт, имрӯз дар маркази ноҳияи Вахш ба хок супурданд.
Зикр шуд, ки Акрами Ризом соли 1993, замони ҷанги шаҳрвандӣ, шоирону нависандагонро дар маҳфили адабии "Гулбарг" сарҷамъ карда, ба аҳли қалам кумак мекардааст.
Дар сӯгнома, ки сомонаи ҳукумати ноҳияи Вахш нашр кард, таъкид шудааст, ки устод Акрами Ризом умри бобаракат дид. Ӯ аз худ кори неку номи нек боқӣ гузошт.