Ҷашнҳои рӯзи 21 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 21 августа
День 21 августа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту якуми август дар ҷаҳон аз Рӯзи байналмилалии хотира ва ёдбуди қурбониёни терроризм ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 21 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1924 Голландия фурӯши машруботи спиртиро ба ИМА манъ намуд.

 

© REUTERS \ Hannibal HanschkeАлкогольные напитки, представленные в музее ГДР в Пирне, Германия
Ҷашнҳои рӯзи 21 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон  - Sputnik Тоҷикистон
Алкогольные напитки, представленные в музее ГДР в Пирне, Германия

 

Соли 1947 Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба узвияти СММ шомил шудани Италия ва Австрия ризоият надод.

День 17 августа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 17 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1965 Руминия давлати сотсиалистӣ эълон карда шуд.

Соли 1988  бар асари заминларза дар шимоли Ҳиндустон ва Непал 1 ҳазору 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1965 аввалин маротиба дар бозии футболи Англия зимни бозӣ ивазкунии   бозингарон иҷозат дода шуд.

Соли 1981 аввалин маротиба олимон оид ба хавфи гармшавии иқлим хабар доданд.

Рӯзи 21 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1936  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи ЮНЕСКО расман ифтитоҳ гардид.

День 20 августа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 20 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2008 дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  варзишгари тоҷик Юсуф Абдусаломов оид ба варзиши тарзи озод медали  биринҷӣ ба даст овард.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири вақти Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.      Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "НАНО-ТЕХ-М" ба истифода дода шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам "ТВ-Силк" коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ ба кор дароварда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 август

  • Рӯзи байналмилалии хотира ва ёдбуди қурбониёни терроризм.
  •  Дар Аргентина-Рӯзи ёдбуди генерал Сан Мартин  (қаҳрамони муборизаҳо дар роҳи расидан ба истиқлолият).

Рӯзи 21 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1926-2006 – Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ойша Сарварова.

Соли 1927 – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Владимир Барботко.

Лентаи хабарҳо
0