Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ: аз баррасии масоили иқтисодӣ то фарҳангӣ

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Ашраф Гани- президент Афганистана
Эмомали Рахмон и Ашраф Гани- президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз зимни суҳбати телефонӣ Президенти Тоҷикистон ва раисҷумҳури Афғонистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, иттилоот ва фарҳанг табодули афкор намуданд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар суҳбати телефонӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карданд.

Эмомали Рахмон поприветствовал афганцев на другой стороне Пянджа - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Раҳмон дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон: мушкилиҳо ҳал мешаванд - акс

Сарони ду давлат  доир ба самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, иттилоот ва фарҳанг табодули афкор намуданд.

Гуфта шудааст, ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон қарор дошта, барои густариши бештари он ҳар ду ҷониб тадбирҳои амалӣ меандешанд.

“Табодули афкори судманд, доир ба иштироки фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавию байналмилалӣ соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаи CASA-1000 доир гардид”, таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамзамон тарафҳо дар суҳбати телефонӣ масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияту бехатарӣ, таҳкими иқтидору имконоти ҳимояи марзи давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карданд.

Манбайъ қайд кардааст, ки сарони ду кишвар барои сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон барои дарёфти роҳу усулҳои рушду густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ба мувофиқа расиданд.

Лентаи хабарҳо
0