Кӯмаки бештар намоед: Завқизода аз СММ чӣ хост?

Обуна шудан
Барномаи СММ бо буҷаи умумии беш аз 61 миллион доллар ба 5 самти муҳим, пеш аз ҳама, тандурустӣ, ҳимояи одамон, чораҳои макроиқтисодӣ, барқарорсозии макроиқтисодӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ равона мегардад

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндаи СММ Завқӣ Завқизода бо намояндаи СММ Сезин Синаноғлу мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод.

Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Шубҳаи СММ ба омори COVID - 19 дар Тоҷикистон: фавт дар ноҳияҳо ку?
Бино бар иттилои манбаъ,дар ҷараёни мулоқот тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва нақшаҳои СММ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ин нишаст Сезин Синаноғлу Барномаи мукаммали вокуниши иҷтимоии иқтисодӣ ба таъсири COVID-19 дар Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.

"Барномаи мазкур бо буҷаи умумии беш аз 61 миллион доллар ба 5 самти муҳим, пеш аз ҳама, тандурустӣ, ҳимояи одамон, чораҳои макроиқтисодӣ, барқарорсозии макроиқтисодӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ равона мегардад", - таъкид кардааст вай.

"Завқизода аз Сезин Синаноғлу даъват ба амал овард, ки кумаку дастгириҳои СММ ва зерсохторҳои онро барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар намояд", -тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ изҳор доштанд.

Лентаи хабарҳо
0