Чаро Аҳмадзода фавран ба Конибодом рафт?

Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд хабар доданд, ки санаи 21 августи соли равон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом боздид карда, бо ҷараёни тоза намудани маҷрои об дар пойгоҳи обкашии “Маҳрам-1” шинос гардид

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, бо сабаби тағирёбии иқлим ва паст гардидани сатҳи об дар чанд рӯзи охир камбуди оби полезӣ эҳсос гардида, дар фаъолияти пойгоҳ мушкил пеш омадааст.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода шахсан риояи меъёрҳои беҳдоштиро дар донишгоҳҳои Суғд тафтиш кард

Гуфта шудааст, ки барои муназзам таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ба таври фаврӣ бо дастури мақомоти вилоят се рӯз инҷониб тоза намудани маҷрои об ҷараён дорад.

Манбаъ қайд кардааст, ки барои анҷоми корҳо техникаҳои зарурӣ ҷалб карда шудааст.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят барои таъсиси ситод ва ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳо супоришҳои мушаххас дод.

Масъулин ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки айни замон заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин буда, барои бартараф кардани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Бояд қайд кард, ки пойгоҳи обкашии “Маҳрам-1” аз соли 1975 инҷониб фаъолият дошта, тавассути он об аз обанбори Баҳри тоҷик ба заминҳои кишоварзии Конибодом дастрас карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0