Арзиши гаронтарин ҳиҷоб дар ҷаҳон муайян шуд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкПоказ коллекции модной одежды
Показ коллекции модной одежды  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯймоли калон барои пӯшиши сари занон, ки ба он ҳазорҳо кристалл дӯхта шудааст, 24 ҳазор доллар арзиш дорад ва барои бренди малайзӣ омода шудааст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Малайзия дар яке аз хонаҳои мӯд ҳиҷоби зебое дӯхтанд, ки бо кристаллҳои Swarovski оро дода шудааст.

Иванка Трамп, дочь и старший советник президента США Дональда Трампа - Sputnik Тоҷикистон
Духтари Трампро барои пӯшидани ҳиҷоб дар масҷид сарзаниш карданд

Танҳо як рӯймоли бренди  Bawal Exclusive 100 ҳазор рингити малайзӣ меистад, ки баробари тақрибан 24 ҳазор доллар аст.

Ин рӯймолро ба мағозаи хонаи мӯд ба намоиш гузоштаанд.

Ба гуфтаи муассиси хонаи мӯди Bawal Exclusive Хализи Майсурӣ ҳиҷоб бо 7,5 ҳазор кристалл оро дода шудааст ва ба он "Ҷилои орзу" ном доданд.

Он дар ширкати машҳури австалии Swarovski барои тӯҳфа ба хонаи мӯди Малайзия омода шудааст.

Алакай маълум аст, ки ҳиҷоб фурӯхта намешавад.

Ягон зани эронӣ ё араб атлас мепӯшад? Раиси Кумитаи занон дар бораи ҳиҷоб

Майсурӣ мегӯяд, ки ин ороишоти гаронарзишро ба фурӯш намегузорад ва онро барои ҷалби диққат ба брендаш нигоҳ медорад.

Лентаи хабарҳо
0