ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Роҳбари корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар Абдукарим Яров дар суҳбат ба рӯзномаи “Фараж” таъкид намудааст, ки аз сабаби саривақт пардохт нашудани ҳақи истифодаи об корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар дар назди нозироти андози шаҳр ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ қарздор аст.
Манбаъ гуфт, аз 5 миллион қарзи об се миллионаш аз аҳолӣ буда, боқӣ ба ташкилоту идораҳои шаҳрию вилоятӣ рост меояд.
“Барои баргардонидани қарзҳо ба мақомоти қудратӣ мактуб кардем, то қарз баргардонида шаваду мо низ андози давлатро супорем”, - гуфт Абдукарим Яров.
Ҳамчунин, номбурда бо нигаронӣ қайд кардааст, ки айни замон беш аз 20 дарсади қубурҳои обгузар дар ҳолати бад қарор доранд, ва ин ҳолат боиси зиёд ба амал омадни садама мешавад.