Гуфтушуниди Бонки миллӣ бо ХБА барои ҷалби қарзҳои имтиёзнок

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо Хазинаи байнулмилалии асъор гуфтушунидҳоро барои ҷалби қарзи имтиёзноки дар доираи Барномаи Механизми васеи қарздиҳии ин ташкилоти молӣ дубора оғоз кард

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллӣ, гуфтушуниди бо Хазинаи байнулмилалии асъор 18 август доир гашта, то 3 сентябр идома хоҳад кард.

Новый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин - Sputnik Тоҷикистон
Вазир: ХБА ба Тоҷикистон наздики 2 миллиард қарзи оҷилу бефоиз дод

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев ба хонум Падамжа Ханделвал, намояндаи ХБА дар бораи ҳолати макроиқтисодӣ дар шароити пандемия ва низоми бонкии кишвар маълумот додааст.

Манбаъ мегӯяд, дар рафти музокира аз ҷониби иштирокдорон оид ба таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилии асъор, баста шудани сарҳадҳо, иқтидори содиротии кишвар ва вобастагӣ аз воридот, сатҳи таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сатҳи осебпазирии иқтисодиёти миллӣ аз пандемияи COVID-19 мубодилаи назар карда шуд.

Роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ба сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 ба низоми бонкӣ ва ислотҳои татбиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт баҳои мусбӣ дода, ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ як қатор тавсияҳои дахлдор пешниҳод намудааст.

Дар бораи баррасии Барномаи Механизми васеи қарздиҳӣ ХБА бо БМТ қаблан Ҷамолиддин Нуралиев иттилоъ дода, гуфта буд, ки бештари шартҳои гузоштаи ин ташкилоти молӣ иҷро шудаанд.

Умаров дар бораи сиёсати қарзии Тоҷикистон: бояд аз тавсияи ХБА даст кашид

Ҷамолиддин Нуралиев, татбиқи барномаи нави ХБА-ро дар доираи Механизми васеи қарздиҳӣ  мувофиқи мақсад арзёбӣ намуда, гуфтааст, мо барои татбиқи ислоҳотҳои нав ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла соҳаи низоми бонкӣ, бахши суғурта ва бахши сиёсати монетарӣ омодагии ҳамаҷонибаи худро арз медорем.

Лентаи хабарҳо
0