Эмомалӣ Раҳмон дар Ванҷ: аз ифтитоҳи маркази савдои "Ванҷ сити" то бинои ВКД

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ноҳияи Ванҷ ташриф оварда, аз намоишгоҳҳои мардумӣ ва биноҳои нави Вазорати корҳои дохилии вилоят ва маркази савдои “Ванҷ сити” дидан кард

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корияш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз Дарвоз ба ноҳияи Ванҷ ташриф овардааст, хабар медиҳад, котиботи раисиҷумҳур.

Президент Таджикисана в Бохтаре Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт

Президент зимни сафар ба ин ноҳия, дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ширкат кард, ки дар он деҳқонони маҳаллӣ ҳосили ин мавсимро ба ӯ нишон доданд.

Қайд карда шуд, ки масоҳати умумии заминҳои корами ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 601 гектарро ташкил намуда, аз он масоҳати боғу себзор 1013, ғалладона 520, картошка 472, сабзавот 188 гектар ва боқимонда майдонҳои чарогоҳ ва алафзорро дар бар мегиранд.

Ғайр аз он, дар намоишгоҳ ҳунармандони маҳаллӣ маҳсули дастони худро намоиш доданд, ки ҳадафи он ҷалби сайёҳон ба минтақа мебошад.

Зимни боздид Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази сеошёнаи савдои “Ванҷ Сити”, ки на танҳо мағозаҳо, балки меҳмонхонаи хурд хоҳад дошт, ширкат варзид.

Суҳбати Раҳмон дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон: мушкилиҳо ҳал мешаванд - акс

Сарвари давлат инчунин аз бинои боҳашамати Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоятро, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудааст, дидан кард.

Лентаи хабарҳо
0