ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, бо гумони дузди дар масоҷид Давлатов Шамсиддини 39 сола, ки пеш 2 маротиба бо моддаҳои 244 ва 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаваст, боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, муттаҳам дар асоси санҷиши аризаи шаҳрвандон оиди аз масҷидҳои панҷвақтаи ҳудуди ноҳияҳои Кушониён ва Вахш аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани таҷҳизоти техникии сабткунанда, аз қабили манбаъҳои хотиравӣ (базаҳо), маниторҳо, камераҳои мушоҳидавӣ, дастгир гардид.
Дуздӣ дар меҳмонӣ: боздошти ҷавоне, ки 80 ҳазори соҳибхонаро гирифту ғайб зад
Гуфта мешавад, Давлатов Ш. дар 16 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Худи боздоштшуда Давлатов Шамсиддини дар навози видеоӣ мегӯяд, асбобҳои сабтиро аз 10 масҷид рабудаву онро фурӯхта ба эҳтиёҷоти зиндагияш сарф кардааст.
“Дар ҳолати ретсидивӣ содир гардидани ҷиноят аз ҷониби Давлатов Шамсиддин ҷавобгарияшро дар назди қонун вазнинтар намуда, ӯро мебояд баҳои кирдорҳои содирнамудаашро пардозад”,- афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, айни замон, Давлатов Ш. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.