Борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© PixabayГроза, архивное фото
Гроза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

Последствия разрушений после селевого потока в Пенджикенте - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз омадани сел дар ВМКБ

Дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони суст меборад. Бод аз сӯи ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи куҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 27 +32 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда  ва камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония   вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.  Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0