Данғараи пешқадам: истеҳсоли ғалла наздик ба 86 ҳазор тонна расид

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых.
Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти ноҳияи Данғара эълон кард, ки ноҳия кишти ғалларо афзоиш дода, истеҳсоли онро ба 85 ҳазору 929 тонна расонданд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои мақомоти ноҳияи Данғара, кишоварзони ноҳия дар соли равон дар майдони 21 ҳазору 202 гектар тухмиҳои хушсифати “Краснодар – 99”, “Садоқат”, “Веха”, “Фарҳодӣ”, “Стеклавини – 24” ва навъи маҳаллии “Ормон”-ро кошта, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои агротехникӣ, ҳосили хуб рӯёнданд.

Сохтмони Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Данғара аз бунёди чандин корхонаҳои нав эълон кард

Муовини аввали раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода бв рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки деҳқонони ноҳия аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода бурда, истеҳсоли ғалларо ба ҷои 82 ҳазору 961 тоннаи нақша, ба 85 ҳазору 929 тонна расонданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагонаш дар Данғара: тарбузчинии президент

Ҳамзамон, барои чорвои ҷамъиятӣ 78 ҳазору 396 тонна коҳ ва 38 ҳазор тонна тойбанд (пресс) омода гардид.

Гуфта шудааст, ки баъди ғундоштани ҳосил, деҳқонон заминҳои холигаштаро шудгор карда, дар кишти такрорӣ ҷуворимакка, мош, лӯбиё ва дигар зироатҳои мутобиқ ба бозори меҳнат кориданд.

Лентаи хабарҳо
0