Буҷа иҷро нашуд: давлат дар кадом бахшҳо хароҷотро кам кард?

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджикские деньги, архивное фото
Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати молияи Тоҷикистон дар пайи иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа хароҷотро дар бахше аз соҳаҳо ихтисор кард

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ҳаҷми буҷаи давлатӣ дар моҳҳои январ – июли соли равон ба 11 миллиарду 880,7 миллион сомонӣ баробар шуд, ки 95,1% нақшаро ташкил медиҳад.

Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар ноҳияи Ҷомӣ: марги чор сокин баъди баргаштан аз ҷаноза

Вазорати молия далели иҷро нашудани нақшаро ба коҳиши даромад аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад ва аксизҳо рабт дод.

Саҳми андоз дар ҳаҷми умумии буҷаи давлати Тоҷикистон беш аз 75 дарсадро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои Вазорати молия, дар пайи иҷро нашудани нақша, хароҷот дар бахши хариди таҷҳизоту мошин ва таъмири сохтмони бархе иншоот ихтисор карда шуданд.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла тайи шаш моҳи соли 2020 аз ҳисоби кам кардани хароҷот дар бахши сохтмон 789 миллион сомонии буҷа сарфа карда шуд.

Қаблан Ожонси омори Тоҷикистон гуфт, нимсолаи аввал ягон бахши давлатӣ дар кишвар пулеро, ки дар буҷа пешбинӣ шуда буд, пурра дастрас накард.

Ведущий научный сотрудник Института экономики РАН Зарина Дадабаева  - Sputnik Тоҷикистон
Дадабоева: Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳоло мушкили муҳоҷиратро ҳал намекунанд

Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки бахшҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар сатҳи 64%-и нақша аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла барои бахши тандурустӣ, ҳатто бо назардошти пандемияи коронавирус , танҳо 72,7%-и пули дар нақша буда равона гардид.

Табобат мекунад: Путин дар бораи нахустин ваксинаи зидди COVID -19 дар Русия - видео

Ожонси омори Тоҷикистон афзуд, ки барои рушди бахши тандурустӣ 66,9 миллион доллар равона шудааст, ки ин нисбати нақша  25 миллион доллар кам мебошад.

Вазорати молияи Тоҷикистон шарҳ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми буҷаи давлатӣ ҳудуди 950,5 миллион долларро ташкил дод, ки ин нисбати нақшаи буҷа  44,6 миллион доллар камтар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0