Инфиҷори мушак назди бинои раисҷумҳур дар Афғонистон: 10 нафар захм бардоштанд

© Александр ХроленкоБудничный Кабул
Будничный Кабул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Афғонистон аз инфиҷор шудани 14 мушак дар манотиқҳои гуногуни Кобул хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Як мушак назди бинои дастгоҳи раисиҷумҳур дар шаҳри Кобул таркидаст, хабар медиҳад шабакаи 1TV News.

Сарҳади "гарм" - и Тоҷикистон: оё мешавад ба сулҳи Афғонистон эътимод кард

Қаблан хабаргузории Tolo News гузориш дод, ки бар асари ҳамалот бо мушак дар чандин минтақаҳои шаҳри Кобул, дасти кам 10 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

"Мувофиқи маълумоти 1TV, яке аз мушакҳо ба таваққуфгоҳ дар назди маҷмааи қасри президент зарба зад ва дар натиҷа ҳадди аққал ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд. Телевизиони Тolo News қайд мекунад, ки дар наздикии маҷмааи президент якчанд таркишҳо рух додаанд. Феълан намояндагони дастгоҳ ин маълумотро тасдиқ накардаанд.

Вазорати умури дохилаи Афғонистон таъйид намудааст, ки дар чанд макони шаҳри Кобул дасти кам 14 мушак партоб шудаст, ки бар асари таркиш 10 нафар сахт ҷароҳат бардоштанд. Миёни захмиён занону кӯдакон низ қарор доранд.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки алъон ду нафар аз муттаҳамон боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

То ҳол масъулияти ин ҳамалотро ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0