"Абр"-е, ки панҷ моҳ боз аз Осмони ситоразори Хуҷанд раҳо намешавад

© Sputnik Планетарий Худжанда
Планетарий Худжанда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гумбази осмони ситоразор, ё Планетарияи шаҳри Хуҷанд, ки дар канори боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҷойгир аст, ҳудуди панҷ моҳ боз фаъолият намекунад. Бо вуҷуди шурӯъи таҳсил дар мактабҳо, ҳамоно дарҳои Планетария баста аст

ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Муҳиддин Қосимов, директори Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби баста будани дарҳои гумбази ситоразорро шарҳ дод.

"Дар пардохти маблағи соҳибкор – воридкунандаи таҷҳизотҳои Планетария аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хуҷанд мушкил ба миён омадааст. Аз ин лиҳоз ширкати "Мерос и К" дарҳои гумбази осомони ситоразорро муҳрбандӣ намудааст", - гуфт Қосимов.

Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандии Раёсати маорифи Суғд дар шафати боғи фароғатии ҳамном бо ин олими соҳаи физика баъди навсозӣ, ахиран санаи 27 - уми марти соли гузашта дар доираи Ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо иштироки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 32 уми Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо месозанд

Аммо бо гузашти як моҳ, пеши ин Осмони ситоразор ва ё Планетарияро "абр" - е фаро гирифту панҷ моҳ боз ҳамчунон дур намешавад. Ҳукумати Хуҷанд барои ворид намудани таҷҳизоти оптикии Планетария ба ширкати "Мерос и К" розигӣ додааст, аммо ҳоло барои пардохти маблағ ба ҷониби ширкат мушкил ба вуҷуд омадааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ, пурра пардохт нашудани маблағи соҳибкор аз ҷониби ҳукумати Хуҷанд, сабаби баста шудани дарҳои ин ягона Планетарияи Хуҷанд шудааст.

Маҳви 9 шағол дар Хуҷанд: амалиёт алайҳи ҳайвонҳои ваҳшӣ идома дорад

Дар гузашта Планетарияи Раёсати маориф дар канори бозори "Панҷшанбе" воқеъ буд ва охирҳои соли 2018 ҳукумати шаҳри Хуҷанд замини онро барои бунёди бинои истиқоматӣ бисёрошёна ба як ширкати сохтмонӣ вобаста намуда, роҳбари ширкатро барои сохтмони бинои нави Планетария дар маҳаллаи 32 уми Хуҷанд дар дохили боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ муваззаф намуд.

Соҳибкор биноро бунёд кард, таҷҳизоти Планетария аз ҳисоби ҳукумати Хуҷанд хариддорӣ шудааст. Аз ин рӯ ҳоло шуъбаи фарҳанг иддао дорад, ки дар баробари боғ, Планетария ҳам ба зимаи ин ниҳод гузаронида шавад. Аммо масъулони Планетария мегуянд, фаъолияти ин соҳа ба шуъбаи фарҳанг ҳеҷ алоқамандӣ надорад, чунки кайҳоншиносӣ як соҳаи илмии алоҳида буда вижагиҳои хоси худро дорад.

"Фарҳанг хоси худро дораду илми кайҳоншиносӣ хоси худро. Намешавад астрономияро ба соҳаи фарҳанг як кард. Масалан дар Планетария академияи наврасони кайҳоншинос таъсис дода шудааст, ки ба омӯзиш ва корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар ҷодаи ситорашиносӣ машғул ҳастанд, оё мешавад, ки ба онҳо як мутахассиси соҳаи фарҳанг дарс гуяд?, ин кори аз мантиқ берун мебошад", - иброз намуд Қосимов.

Коршиносони умури нуҷумшиносӣ ва ё астрономия дар шароити рушди фанновариҳои мусоир фаъол будани Планетарияро як амри зарур ва саривақтӣ мешуморанд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, тамошои гумбази осомони ситоразор дар хотираи наврасон таъсири амиқ гузошта ва шавқи онҳоро ба омӯзиши илмҳои дақиқ, аз ҷумла астрономия меафзояд. Ахиран рӯзи 31 январи соли ҷорӣ бо судури фармони раисиҷумҳур солҳои 2020-2040 ро "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" дар Тоҷикистон эълон карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0