ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Аз 23 август то 5 сентябр дар доираи Бозиҳои VI-уми байналмилалии артишӣ "АрМИ-2020" озмуни "Биатлони танкӣ" баргузор мегардад. Зимни баргузории ин озмун, пурзӯртарин экипажи танкӣ муайян карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии биатлони танкии Русия, хусусияти Бозиҳои дарпешистода, дар муқоиса бо бозиҳои қаблӣ дар ин аст, ки онҳо бо Ҳамоиши VI-уми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "АрМИ-2020" аз 23 то 29 август якҷо баргузор мешаванд.
Ифтитоҳи бозиҳои байналмилалии артиши "АрМИ-2020" 23 август сурат мегирад.
Дар биатлони танкӣ имсол беш аз 200 танкчӣ аз 16 кишвар (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Конго, Чин, Ветнам, Лаос, Мянма, Сербия,) иштирок хоҳанд кард.
Бори аввал дар он дастаи мунтахаби Қатар ширкат меварзад.
Аз рӯи натиҷаҳои ҳунарнамоиҳо дар соли 2019 - 16 даста ба ду дивизион тақсим шуда буданд. Ба дивизиони аввал дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Сербия, Ӯзбекистон ва дар дивизиони дуввум дастаҳои мунтахаби Абхазия, Ветнам, Қатар, Конго, Лаос, Мянма, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ шомил гардиданд.
Дар марҳилаи аввал — "Пойгаи инфиродӣ" аз 23 то 30 август беҳтарин экипажи танкӣ, аз 1 сентябр то 2 сентябр дар эстафетаи нимфиналӣ чаҳор дастаи мунтахаби беҳтарин (аз рӯи вақт), 4 сентябр беҳтарин дастаи мунтахаби дивизиони дуюм ва 5 сентябр, дар рӯзи пӯшидашавии “АрМИ-2020” — ғолиби озмуни “Биатлони танкӣ” муайян карда мешаванд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ "Ховар" хабар дод, аз ҷумҳурии мо дар биатлони танкӣ 4 экипажи танкӣ зери раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ Маҳмадалӣ Ашуров ширкат меварзанд.
Ин бори аввал нест, ки экипажҳои Тоҷикистон дар биатлони танкӣ иштирок мекунанд. Соли 2019 чаҳор экипажи танкӣ ва як гурӯҳи кумаки техникии Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар онҳо ширкат карда буданд.
Танкчиёни Тоҷикистон дар панҷ чемпионати қаблии "Биатлони танкӣ" бомуваффақият баромад карда, соҳиби мукофоти гуногун шудаанд.