ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, ки дар 24 соати гузашта, 165 нафар аз беморони Ковид-19 дар ин кишвар ҷони худро аз даст доданд, ки нишон медиҳад дар рӯзҳои охир омори ҷонбохтагон корона дар Эрон раванди нузулӣ ёфтааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 19 ҳазору 804 нафар расидааст.
Ду ҳазору 247 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 низ дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи ин беморон ба 345 ҳазору 450 нафар расидааст: токунун 299 ҳазору 157 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Бояд гуфт, ки Эрон ахиран эълон кард, ки доруи ремдесивири (remdesivir) эронӣ барои беҳбуди беморони корона формула ва ба тавлид расидааст.