Борон меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Pixabay/NickyPeПрогулка в дождливую погоду
Прогулка в дождливую погоду - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  

Бод аз сӯи шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дождь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 30 +35 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония   мевазад.  Дар охири рӯз чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 19+21 ва  рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0