Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шудаанд, гузориш медиҳад аз ҳодисаи нохуш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон. Онҳо мехостанд савори заврақи худсохте дарёи Искандарро убур кунанд.

Гуфта мешавад,  ҳодиса 14 август, тахминан соати 09:50 рух додааст.

Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
ҚҲФ зарари селу боронҳои шадиди рӯзи гузаштаро гуфт: як қурбонӣ доштааст

"4 нафар сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шудаанд. Ин 4 нафар узви як оила мебошанд", - тавзеҳ медиҳад КҲФ.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  заврақи худсохт аз беэҳтиётӣ чаппа шуда, чор узви як хонадон, ки падар 61-сола ва боқимонда аз 33 то 2-сола буданд, ба коми дарё рафтанд.

Баъд аз гирифтани ахбори фаврӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва  Дастаи махсуси зудамали  наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд.

30 нафар даст ба даст гирифта зани ғарқшударо аз об берун оварданд - навор

Лентаи хабарҳо
0