ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки бо тамҳидот ва пайгириҳои ба амал омада, севумин гурӯҳ (70 тан) аз шаҳрвандони эронӣ, ки дархости бозгашт аз Тоҷикистон ба кишварамонро доштанд, рӯзи 13 август бо парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии "Вориш" аз шаҳри Душанбе ба Эрон бозгаштанд, иттилоъ додааст "Садои Хуросон".
Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷшанбе ҳамчунин 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон ҳузур доштанд бо парвози ихтисосии ширкати ҳавоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе парвоз карданд.
Бо баста шудани ағлаби марзҳои ҳавоӣ бар асари ҳамагирии вируси корона, бисёре аз давлатҳо бо парвозҳои ихтисосӣ шаҳрвандони худро ба кишварҳояшон мунтақил мекунанд.
Ин аввалин маротиба нест, ки Эрон шаҳрвандони худро аз Тоҷикистон эъзом мекунад.
Ёдрас мешавем, ки 24 феврали соли равон кишварҳо дар паи ҳамагирии коронавирус то ба эътидол омадани вазъият, алоқаи ҳавоиро мутаваққиф гузоштанд.
То ин дам аз Эрон ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines парвоз мекард. Ҳавопаймо як бор дар як ҳафта тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон парвоз анҷом медод.
Дар навбати худ аз пойтахти Тоҷикистон ба Эрон ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" парвоз мекарданд.