Мақомоти Суғд ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятиро ҷарима мекунад?

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСотрудник милиции проверяет документы у водителя маршрутки в Душанбе
Сотрудник милиции проверяет документы у водителя маршрутки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран дар ҷаласаи сайёри Ситоди вилояти Суғд таъкид карда шуд, ки ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бояд аз мусофирон риояи қоидаҳои беҳдоштиро талаб намоянд. Дар сурати риоя накардани ин қоидаҳои беҳдоштӣ, нисбати онҳо низ чораҳои маъмурӣ андешида мешавад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ахиран дар Боғи Абумаҳмуди Хуҷандии маркази вилоят ҷаласаи сайёри Ситоди вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ сурат гирифт.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи ситод: мақомоти Хуҷанд гуфт барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ корҳо анҷом дода шуд

Муовини Раиси вилояти Суғд дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии сироятёбии сокинон аз бемории COVID-19 бояд пурзур карда шаванд.

Вай афзуд, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин ҳолат риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пайваста шустани дастон бо собун ва риояи фосила маҳсуб меёбанд ва онро мо бояд то ба шуури шаҳрвандон расонем.

“Мутаассифона, айни ҳол на ҳама сокинон ва меҳмонони шаҳр талаботи ҳатмиро риоя мекунанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётӣ ва нописандӣ дарак медиҳад”, - таъкид дошт муовини раиси вилояти Суғд.

Вай илова кард, ки ҳолатҳои бениқоб равуо намудани мардум бе риояи фосилаи муқарраргардида дар кӯчаву хиёбон, бозорҳо, назди банкоматҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мушоҳида мешавад. Хусусан дар нақлиёти ҷамъиятӣ чунин ҳолат бештар чашмрас аст. Бар замми он, ки фосила дар нақлиёти номбурда риоя намегардад, инчунин, на ҳама ниқоби тиббӣ доранд.

“Нозирони минтақавӣ иттилоъ доданд, ки ҳамарӯза тибқи қонунгузорӣ ашхоси бениқоб ҷаримабандӣ шуда истодаанд, рейдҳои махсус дар тарабхонаву ошхона ва маконҳои дилхушӣ сурат гирифта истодааст ва он дар оянда идома хоҳад ёфт. Ҷоннок намудани корҳоро дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ низ муҳим арзёбӣ кард. Ронандаҳо бояд аз мусофирон риояи талаботро таъмин намоянд, вагарна нисбати онҳо низ чораҳои маъмурӣ андешида шавад”, қайд кард Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур зикр карда шуд, ки ҳамаруза аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19 роҳандозӣ гардида, ҳамзамон бо ҷалби фаъолон ва ризокорону табибони оилавӣ гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд, дар маҳаллаҳои шаҳр корҳо вусъат дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0