ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кормандони милитсияи сокини 34 - солаи деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавони худ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 12 - уми август, тахминан соати 23:00 рух додааст.
Гуфта мешавад, куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ сар задааст.
Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт
"Номбурда дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари худ зани 30-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба рони пойи росташ задааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Зимнан, ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.