ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ҷанозаи шоири шаҳир ва маҳбуби Тоҷикистон бегоҳи ҳамон рӯз баргузор шуд ва Келдӣ дар оромгоҳи Лучоб манзили охираташро дарёб кард.
Навори маросими видоъ бо шоири зиндаёд Гулназар Келдиро сомонаи "Фараж" дар сафҳаи худ нашр намудааст.
Аз навор бармеояд, ки дар маросими хайрибод бо шоири маҳбуб даҳҳо нафар ходимону олимон,намояндагони ҳукумат, пайвандон ва ҳаводорони ӯ ҳузур доштанд.
Аксари иштирокчиёни маросими видоъ, ниқоби муҳофизатӣ доштанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоӣ низ аснои дуо хондан ва вориди хок намудани шоир риоя мешуд.
Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.
Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд
Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".
Он сӯҳбати шоир ба 11 август, баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ ташвиш накашанд.
"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.