Ҳушдори СҶБ: дар соли нави хониш мактабҳо метавонанд манбаи сирояти COVID-19 шаванд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкШкольники в масках
Школьники в масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор додааст, ки дар оғози соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ метавонад ба манбаъи хуруҷи бемории коронавирус табдил шавад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфтанд, ки бо оғози соли хониш, мактабҳо метавонанд манбаи нави сирояти коронавирус шаванд.

Российский журналист, главный редактор Учительской газеты Арслан Хасавов - Sputnik Тоҷикистон
Хасавов: риояи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ дар мактабҳо мушкил хоҳад буд

Дар ин бора Майкл Райан, директори барномаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт оид ба вазъи фавқулода зимни нишасти матбуотие дар Женева гуфт.

Вай қайд кард, ки аксарияти аҳолии ҷаҳон то ҳол аз коронавирус осебпазиранд.

Майкл Райан аз набудани имконоти гигиенӣ, ҳатто барои тозагии дастон дар бисёр муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ кард.

Тибқи маълумоти СҶБ соли гузашта, 43% мактабҳо дар саросари ҷаҳон таҷҳизоти асосӣ барои шустани дастон бо собун ва об надоштанд, оби равон ва канализатсия як сӯ истад.

"Бидуни ин, кори бехатари мактабҳо дар замони авҷи пандемияи COVID-19 ғайриимкон аст. Мактабҳо метавонанд минтақаҳои хатар бошанд", гуфт Райен.

Аз ин рӯ, СҶБ ба зарурати риояи қатъии чораҳои муҳофизатӣ аз сироятро талаб мекунад.

Олимон гуфтанд, мавҷи дуввуми коронавирус аз куҷо сар мезанад

Ин созмон гуфтааст, шаҳрвандон бояд мисли пештара пӯшидани ниқобҳои тиббиро дар ҷойҳои серодам идома диҳанд ва масофаи иҷтимоӣ риоя намуда аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0