Гулназар Келдӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон 20 сентябри соли 1945 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, пеш аз зуҳри 13 август дар Душанбе ҷон ба ҷонофарин супурд.
Келдӣ, ки то 75-солагияш ҳудуди як моҳ монда буд, аз худ осори гаронбаҳо боқӣ гузошт. Ӯ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода ва унвони шоири халқии Тоҷикистон (1995) мебошад.
"Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.
"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.