ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ, прокуратура, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президент ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод ва прокурори гарнизони ҳарбии ноҳияи Рашт таъйин гардиданд.
Тағйироти кадрӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд: сардорони нави МНДСЭ киҳоянд?
Бо қарорҳои Ҳукумат Ҳокимшо Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк", Амирзода Ориф Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинзода Сайҷамолиддин директори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб", Давлатқадам Бахтовар, Директори муассисаи таълимии давлатии "Мактаб –интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон"-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Азизӣ Зебуннисо муовини директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" таъйин гардиданд.
Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳибзода Муҳаммадҷон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои муҳиму масъулиятнок таъйингардида Сардори давлат таъкид намудааст, ки сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу унсурҳои барои ҷомеа бегона, риояи баробари иҷрои қонуну барномаҳои давлатӣ дар мамлакат равона гардида, барои татбиқи ин ҳадафҳои созанда аз ҳар яки шумо меҳнати софдилона ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи талаботи оинномавӣ талаб карда мешавад.