"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевНародный поэт Таджикистана Гулназар Келди
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулназар Келдӣ шоири маруфи Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон имрӯз дар синни 75 - солагӣ ҷаҳони фониро абадан падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Охирон шеъри, ки шоири шаҳири Тоҷикистон Гулназар Келдӣ навишта буданд ин "Сад дод аз ту, коронавирус" мебошад.

Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди - Sputnik Тоҷикистон
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон даргузашт

Шеъри мазкур замоне, ки ин маризӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифта буд, эҷод гардида, дар рӯзномаи "Тоҷикистон" мунташир шуд.

Шоири акнун марҳуми тоҷик, аз бурузи маризии сироятии коронавирус сад доду дареғ гуфтааст.

Ба навишта ӯ, замони авҷи ин маризӣ бунёди ҳар кор зеру забар шудааст. Касе дасти нафари дигарро намефишорад, хонаводаҳо мотамзада шудаву хомӯшӣ дар ин оилаҳо ҳукмфармост.

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

Зимнан, бар хабари расонаҳо худи Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида буд ва бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз, ахиран 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0