ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1403 сомонӣ ва дар бозори нақд бошад 0.1430 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3128 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.
Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1430 то 0,1460 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.139 то 0.146 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1470 сомонӣ нишон дода шудааст.
Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст
БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.