https://sputnik.tj/20200813/Ronandae-ki-dar-Asht-ducharkharoni-60-solaro-pakhsh-karda-firor-namud-bozdosht-shud-1031727045.html
Ронандае, ки дар Ашт дучархарони 60 - соларо пахш карда фирор намуд, боздошт шуд
Ронандае, ки дар Ашт дучархарони 60 - соларо пахш карда фирор намуд, боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сокини 60 - солаи ноҳияи Ашт, ки савори дучарха буд, зери чархи автомашинаи номаълум монда, ҷон бохтааст 13.08.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-08-13T12:30+0500
2020-08-13T12:30+0500
2021-07-21T18:45+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ашт, дучархарон
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ашт, дучархарон
Ронандае, ки дар Ашт дучархарони 60 - соларо пахш карда фирор намуд, боздошт шуд
12:30 13.08.2020 (Навсозишуда: 18:45 21.07.2021) Сокини 60 - солаи ноҳияи Ашт, ки савори дучарха буд, зери чархи автомашинаи номаълум монда, ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Кормандони пулис ахиран ронандае, ки дучархаронро дар ноҳияи Ашт пахш карда фирор намуд, боздошт карданд, хабар медиҳад котиботи ВУД.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 12 - уми август тахминан соати 05:25 дақиқа рух додааст.
"Ронандаи автомашинаи номаълум дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон, Нурматов Ҷамолиддини 60 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст". - таъкид мешавад дар хабар.
Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт
Манбаъ меафзояд, Нурматов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Зимнан, кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" Тураев Дилшодҷони 20 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ҳамин ноҳия содир намудааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.