ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ба қавли яке аз шоҳидони ин маросим, ҷанозаи Гулназар Келдӣ аз Шифохонаи "Истиқлол" аввал ба манзилаш, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 10 интиқол ёфт.
"Низом Қосим, раиси Иттиҳоди нависандагон, як нутқи кутоҳе ироа намуда, эълон кард, ки гирдиҳамоии хайрбод бо Шоири халқии Тоҷикистон дар қабристони Лучоб баргузор хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Бино ба ин иттилои манбаъ, дар маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ аз ҷониби мақомоти расмӣ Асадулло Раҳмон, мушовири кадрӣ ва Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва теъдоде аз адибону шоирони номдори кишвар, назири Камол Насрулло, Меҳмон Бахтӣ, Ато Ҳамдам, Салими Зарафшонӣ, Урун Кӯҳзод ва дигарон ширкат хоҳанд кард.