Маросими арӯсӣ: танҳо дар хона ё ҳавлӣ ва бо ҳузури 30 меҳмон баргузор шавад

CC0 / unsplash / Молодожены держатся за руки
Молодожены держатся за руки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мавриди баргузории маросими издивоҷ қарори навбатӣ қабул кард

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон ҳамакнун қарантин, ки дар робита ба авҷи маризии коронавирус эълон гардида буд, сабуктар мешавад. Сабук гардидани маҳдудиятҳо аз 15 - уми август шурӯъ мешаванд.

Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудияти нав дар баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ: аз 40 кас зиёд набошад

Гуфта мешавад, бо сабук шудани маҳдудиятҳо, фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, кори боғча, лагерҳои кӯдакона, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамчунин пляжҳо аз сар гирифта мешавад.

Зимнан, бо қарори Мирзиёев ба баргузории маросими издивоҷ низ тағйироти нав шомил шуд.

Ҳамакнун, маросими арӯсӣ дар ин кишвар на дар тарабхона, балки дар хонаи издивоҷкунандаҳо ва ё дар ҳавлии онҳо баргузор мешавад.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Инчунин, теъдоди меҳмонон низ набояд аз 30 нафар бештар бошад.

Қаблан, гузоришҳо дар мавриди мубтало шудани теъдоди зиёди одамон, ки дар маросими арӯсӣ дар Ӯзбекистон иштирок карданд, нашр гардида буд.

Ҳатто дар як маросими хонадоршавӣ, наварӯс пас аз маросими издивоҷ гирифтори коронавирус шуд.

Дар Тоҷикистон низ айнан чунин тартибот дар маросими хонадоршавӣ ҷорист. Агар қаблан баргузор кардани тӯй бо ҳузури 100 нафар иҷозат дода шуд, баъдан теъдоди меҳмононро то 40 нафар коҳиш доданд.

Лентаи хабарҳо
0