ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 43 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Гулназар Келдӣ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронда шуд
Инчунин, дар давоми 24 соати гузашта дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7912 нафар баробар гардид.
"То санаи 12 август дар мамлакат 6696 (84,6%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 63 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.
“Худатонро эҳтиёт кунед!” Насиҳати Гулназар Келдӣ аз шифохонаи “Истиқлол”
Вазорати беҳдошт ёдоварӣ карда, ки айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.