ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Омили асосии берун рафтани кишвардори Амрико Доналд Трамп аз толоре, ки бо хабарнигорон суҳбат мекард, тирпарронӣ дар беруни қасри президент арзёбӣ мешавад.
Дар Телеграмм наворе нашр шудааст, ки яке аз муҳофизони Кохи сафед назди Трамп омада, ба ӯ чизеро гуфт, ки кишвардор баъди ҳарфи ӯ фавран аз толор берун рафт.
Сипас маълум гардид, ки дар беруни бино нафари мусаллаҳ сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тир кушодаст ва аз тири ҷавобӣ маҳв гардидааст.
манобеи РИА Новости менависад, пас аз маҳв шудани силоҳбадаст, кишвардор дигарбора назди хабарнигорон ҳозир шуд ва нишасти хабарӣ идома ёфт.