Гармии тоқатфарсо: пешгӯии дақиқи ҳавошиноcон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда  шуда, ҳарорат дар шахри Душанбе рӯзона ба 35+37 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте - Sputnik Тоҷикистон
Обшавии пиряхҳо ва фаромадани сел: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр  ва тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назара аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 29 +34 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва  тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0