Дар Суғд 27,3 миллион сомонӣ пинҳонкории андоз ошкор шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание налогового комитета в Душнабе, архивное фото
Здание налогового комитета в Душнабе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар миқёси вилояти Суғд 35 536 нафар соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 33,0 млн.сомонӣ андозҳо ворид шудааст

 ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Суғд 27,3 миллион сомонӣ пинҳонкории андоз ошкор шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони Раёсати андози вилояти Суғд дар доираи иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт пардохт намудани андоз ва ҳолатҳои саркашинамоӣ аз андозсупорӣ давоми шашмоҳаи  якуми соли 2020 нисбат ба фаъолияти 340 соҳибкори инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузарониданд.

"Дар натиҷа ба маблағи 27,3 млн.сомонӣ ҳолатҳои пинҳонкунии андозро ошкор намуда, аз ин ҳисоб 24,6 млн сомониашро ба буҷети давлат ситонидаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раёсати андоз дар вилояти Хатлон: 16 роҳбари нозироти андоз аз вазифаашон барканор шуданд

Гуфта мешавад, дар давраи ҳисоботӣ дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 1531 адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 55,9 млн.сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб 40,1 млн.сомонӣ рӯёнида шуд, ки   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин имрӯз мувофиқи ҳисобот дар миқёси вилояти Суғд 35 536 нафар соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 33,0 млн.сомонӣ андозҳо ворид гардид.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 904 нафар зиёд гардидааст. Вобаста ба имтиёзҳои пешбинишуда ҷамъоварии андозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5,2 млн.сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0