Яке худкушӣ карду дигаре аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд: фавти бону дар Язгулому ҷавон дар Рашт

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи нохуш хабар медиҳад, ки боис ба фавти духтари 20 - сола ва ҷавони 29 - сола гардид

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҷавондухтари 20 - сола ғарқи об шудааст. Бар хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Бадахшон, ҳодисаи мазкур рӯзи 7 - уми август, тақрибан соати 13:30 дақиқа рух додааст.

"Бонуи 20 - сола дар дарёи Язгулом оббозӣ карда ғарқ шудааст", - гуфта мешавад дар хабр.

Таъкид мегардад, ки ҷустуҷӯи ҷасади ҷавондухтар зиёд тӯл накашида, ӯро соати 14:35 дақиқа поинтар аз Дашти Язгулом пайдо ва ба наздиконаш супурданд.

Зимнан, кумитаи мазкур аз як ҳодисаи нохуш хабар медиҳад, ки ба марги ҷавони 29 - сола анҷомид.

КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Ҳодисаи мазкур рӯзи 6 - уми август рух додааст. Ҷавони 29-сола бо қасди хуркушӣ кардан худро дар деҳаи Сайрон аз болои пул ба Сурхоб ҳаво дод.

Гуфта мешавад, марҳум аслан сокини ҷамоати Нушор буда, дар натиҷаи як муноқишаи хонаводагӣ даст ба худкушӣ задааст. 

Корҳои ҷустуҷӯӣ муддати ду рӯз идома доштанд ва дирӯз соати 11:13 дақиқа Дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Рашт ҷасади ӯро 12 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба хешоандонаш супурданд.

Лентаи хабарҳо
0