"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

© SputnikШабнами Сурайё - таджикская эстрадная певица, архивное фото
Шабнами Сурайё - таджикская эстрадная певица, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарояндаи саршиноси Тоҷикистон Шабнами Сурайё аз даргузашти бармаҳали овозхони маҳбуб Баҳроми Ғафурӣ изҳори таассуф намуда дар ҳаққи рӯҳи равони марҳум дуо хондаст

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Шабнами Сурайё дар сафҳаи худ Инстаграм суруди муштарак бо Баҳроми Ғафурӣ овозхони маҳбуб, аммо ҳоло марҳуми тоҷик мунташир намуда, аз марги бармаҳали ӯ изҳори таассуф намуд.

"Инна-Лилляхи Ва-Инна-Иляйхи-Раджиун!🤲🏼😔ДУСТ ВА БАРОДАРИ АЗИЗ", - навиштааст Шабнами Сурайё.

Публикация от Шабнами Сураё (@shabnamsurayooffiicial)

Зимнан, илова намудааст, ки Худованд Баҳромро тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад ва руҳаш шод бошад.

Певец Бахром Гафури - Sputnik Тоҷикистон
"Хона холист, хонаи мо": охирон суруде, ки Баҳром Ғафурӣ натавонист пурра мунташир кунад

Ёдовар мешавем, овозхони машҳури Тоҷикистон Баҳроми Ғафуровӣ субҳи рӯзи 7 - уми август дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохт.

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0