Мақомоти тоҷик мегуянд, нишонаҳои сироятёбии COVID-19 дигар шудааст

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкКарантинный центр в Коммунарке
Карантинный центр в Коммунарке  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Идораи кор бо занон ва оила дар вилояти Суғд мегуянд, назар ба оғози давраи хуруҷи COVID -19, ҳоло нишонаҳои сирояти ин беморӣ дигар шудааст

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар бораи дигаршавии аломатҳои сироятёбии бемории COVID-19 таъкид намудааст.

Врач во время осмотра - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

Бино ба гуфти ӯ, назар ба давраи оғози сабти вируси корона, ҳоло нишонаҳои хуруҷи ин маризӣ нав шудааст.

“Мутаассифона рӯз ба рӯз нишонаҳои сироятёбии бемории COVID-19, тағйир ёфта истодааст. Ба шумо гуфтани ҳастам, ки дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 иштирок доштам, ки табибон аз нишонаҳои нав пайдои сирояти ин беморӣ таъкид мекарданд. Агар ибтидо табъ ва сулфаи хушку давомдор аз нишонаҳои ин беморӣ дониста мешуд, ҳоло боз нишонҳаои дигари ин беморӣ ба мисли дарди гулӯ ва мисли ин ҳолатҳо муайян карда шудаанд”, - гуфтааст Хоҷазода.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Суғд дар нишасти матбуотӣ зикр кардааст, ки ҳолатҳои гирифтории занони ҳомила ба бемории COVID-19 ҷой дошта, хушбахтона фавт байни ин гурӯҳи занон ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба гуфти Хоҷазода баъди ташхис ва табобат ҳолати саломатии занони ҳомила барқарор шуда хатар ба кӯдакони дар батнбуда таҳдид накардааст. Чанде пеш Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд аз ҳолати зоиши занҳои дучори бемории COVID -19 иттилоъ дода гуфт, ки саломатии навзодон қаноатбахш аст.

Медицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик - Sputnik Тоҷикистон
Омори ҷадиди коронавирус дар ҷаҳон: беш аз 6 000 нафар дар як рӯз фавтиданд

“Ҳомилазанҳои гирифтори бемории коронавирус ду нафарро ташкил медоданд. Ҳар дуи онҳо дар беморхонаи ҷамоати Ёва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд карданд. Вазъи саломати кӯдаконашон дуруст аст ва худи модарон ҳам шифо ёфта, аз бемористон рухсат шудаанд”, - гуфт Мақсудзода.

То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30-уми апрел аз қайди 15 мавриди бемории коронавирус дар кишвар иттилоъ доданд.

Супориши Абдуллозода: чораҳои пешгирикунанда аз COVID - 19 дар Тоҷикистон пурзӯр шавад 

Бар пояи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 7 август, теъдоди сироятёфтагон ба бемории COVID-19 дар мамлакат ба 7706 нафар баробар шуда, аз ин шумор 6484 нафар ё 84, 1% аз ин маризӣ шифо ёфтаанд. Бар асари ин беморӣ то кунун 62 нафар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0