ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар шаҳри Коҷикоде иёлати Керале дар Ҳиндустон ҳавопаймои ширкати Air India Express аснои дар фурудгоҳ нишастан ба ду қисм тақсим шуд.
Дар ин бора собиқ вазири фарҳанг ва сайёҳати ин кишвар Алфонс Каннантанам дар сафҳаи худ дар Твиттер хабар дод.
BREAKING: An Air India Express plane with nearly 191 people on-board skids off runway and breaks up into two at airport in #Kozhikode airport in #Kerala
— News_Executive (@News_Executive) August 7, 2020
(Pictures from local social media) pic.twitter.com/atDXUSwtPJ
Ба изҳори собиқ вазир қисмати аввали ҳавопаймо ҷудо шуд ва ҳамаи сарнишинонро фавран аз дохили ҳавопаймо кӯч доданд. Аммо халабону чанд сарнишини дигар бар асари ин ҳодиса ҷон бохтанд, - изҳор дошт собиқ вазир.
Каннантанам аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ҳавопаймо оташ нагирифт ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин ҳодисаи нохуш ҳам ба маротиб кам шудааст.
Зимнан, бар хабари расонаҳои ин кишвар, бар асари суқути ҳавопаймо дасти кам 20 нафар ҷон бохтанд ва 140 сарнишини дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.
Watch | Rescue operations underway as Air India Express flight from Dubai with 184 passengers overshoots runway during #Kerala landing pic.twitter.com/G6h6weg9JF
— NDTV (@ndtv) August 7, 2020