Омодагӣ ба интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон: ҷаласаи КМИР ва баррасии масъалаҳо

© Sputnik / Стас ЭтвешГлава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов
Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ба хотири иҷрои қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли равон, ки тибқи он интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷаласаи Комиссия лоиҳаи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Тоҷикистон ва масъалаи таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

Бино бар иттилои манбаъ, дар нақшаи мазкур муҳлатҳои ташкили ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ, таъсиси комиссияҳои онҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ вобаста ба марҳилаҳои ҷараёни интихобот пешбинӣ шудаанд.

“Чорабиниҳои дар Нақшаи тақвимӣ дарҷёфта хусусияти ташкилӣ ва иттилоотӣ дошта, дар муҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ амалӣ намудани онҳо барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки пас аз муҳокима Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти  Тоҷикистон бо қарори дахлдори Комиссия тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин мутобиқи моддаҳои 8 ва 12 –и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қарори  Комиссия дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68  ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани ҳудуд ва шумораи пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, ҳамаи онҳо номгузорӣ ва рақамгузорӣ карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0