ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз коронавирус нашр намуд.
Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта боз як маризи дигар аз коронавирус ҷон бохт. Бо илова шудани ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди умумии қурбониёни вируси COVID-19 дар кишвар ба 62 нафар баробар шуд.
Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард
Зимнан, вазорат таъйид намуд, ки дар як шабонарӯзи охир 99 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Инчунин, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7665 нафар баробар гардид.
Ҳамзамон, то санаи 6 август дар мамлакат 6443 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.