ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тағйир ёфтааст.
Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ҳоло арзиши як литр гази моеъ ба 4, 5 – 4, 7 сомонӣ боло рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ нархи он дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 4, 2 ва 4, 3 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Сабаби боло рафтани қиммати газро масъулини ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт расман шарҳ намедиҳанд. Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (автозаправка) дар ноҳияи Варзоб гуфт, барои ӯ ҳам дақиқ маълум нест, ки чаро нархи газ рӯз ба рӯз боло меравад.
“Мо коргари оддӣ ҳастем. Шахсан ман танҳо дастгоҳи газдиҳандаро ба баки мошинҳо насб мекунам. Маблағи фурӯши газро нафари дигар дар хазина қабул мекунад. Ростӣ барои мо ҳам маълум нест сабаби болоравии нарх, инро роҳбарон медонанд”, иброз намуд, ҳамсуҳбти мо.
Дар ҳамин ҳол аксар ронандаҳои нақлиёт аз баланд шудани нархи газ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегуянд, баланд шудани арзиши газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID -19 ба ҷайби зарба мезанад.
Коршинос сабабҳои ҷаҳиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт
"Нархи газ ба кори мо таъсир мерасонад. Нархи газ гарон шуд гуфта, нархи хизматрасонии мусофиркашони (таксӣ) ро зиёд кунем, ҳеҷ кас намешинад. Дар ин миён мо бояд ҳар моҳ маблағи патентро супорем. Агар нарх ҳамингуна боло рафтан гирад, кори мо тамом мешавад”, - гуфт ронандаи таксӣ.
Коршиносон мегуянд, тағйири нархи газ дар Тоҷикистон дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад.
Дар оғози моҳи май вақте мақомот сабти бемории вируси каронаро расман тасдиқ карданд, гаштугузори мошинҳо дар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб коҳиш ёфт.
Дар ин миён қимати газ то ба 2, 4 сомонӣ поён рафт. Аммо баъди хатми муҳлати қарантинаи хонагӣ ва эълони вазъи муътадили беҳдоштӣ дар кишвар ҳаракати восиатҳои нақлиёт бештар шуд ва ба ин минвол нархи гази моеъ умдатарин василаи ҳаракатдиҳандаи нақлиёт ҳам рӯз ба рӯз баланд шуд.
Ҳоло бар тибқи мушоҳидаҳо нархи газ дар қиёс ба як моҳи пеш беш аз 55 % баланд шуда то ба 4, 5 - 4, 7 сомонӣ баробар шудааст.
Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.
Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. "Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон нафт" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст
Аммо то кунун ҳеҷ кадом аз ин ширкатҳо дар бораи сабабҳои болоравии нарх расман изҳори назар накардаанд. Ин вазъ то кай давом мекунад ва нархи газ кай поён меравад? Ин суолест, ки ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар масъулинро манзур медорад.